Иди давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 16 декабр Ҷумҳурии Қазоқистон 21 – умин солгарди Истиқлолияти давлатиро қайд намуд. Мардуми Қазоқистон роҳи таърихан нисбатан кӯтоҳро тай намуда, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.Раиси Кумитаи давлатии маблағгузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ба ифтихори Рӯзи истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи кормандони Сафорати Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона муборакбод намуд. Мувофиқи суханони Давлаталӣ Саидов, ҳамкории дарозмуддат бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов зикр намуд, ки Қазоқистон тайи солҳои истиқлолият дар миқёси ҷаҳон мавқеъҳои мустаҳкамро касб намуда, аз рӯи натиҷаи соли 2011 аз нигоҳи рақобатпазирӣ ҷойи 51 – умро ишғол кард.Сафир дар бораи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, ба таври махсус қайд намуд, ки муомилоти тиҷоратию саноатии байни ҳар ду ҷумҳурӣ сол аз сол ривоҷу густариш меёбад.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






