Ифтитоҳи коргоҳи кулчақанд дар Кўлоб
Душанбе, 29 декабр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кўлоб коргоҳи истеҳсоли кулчақандҳои қолабӣ ба фаъолият оғоз кард. Коргоҳи мазкур дар Корхонаи шири шаҳри Кўлоб кушода гашта, дар бозкушоии он шаҳрдори Кўлоб Абдулғаффор Раҳмонов ширкат варзид. Ин коргоҳ бо таҷҳизоти нав муҷҷаҳаз буда, дар як баст 1,5 тона маҳсулот истеҳсол мекунад. Гуфта мешавад дар коргоҳ 12 намуди кулчақандҳо истеҳсол шуда, ба бозори маҳаллӣ ва шаҳрҳои дигари кишвар, аз ҷумла Душанбе бароварда мешавад. Бо кушода гаштани ин коргоҳ 20 нафар аз духтарони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Бояд гуфт то ин дам дар Корхонаи шир когоҳҳои қаннодӣ, нонпазӣ, яхмос, шир фаъол буда, маҳсулоти гуногун истеҳсол мекарданд. Роҳбарияти Корхона тасмим дорад ояндаи наздик ба корхона хатҳои нави технологӣ ворид карда, коргоҳҳои навро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангўи раиси шаҳри Кўлоб С.Фаррухшоҳ хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






