Ифтитоҳи мактаби навбунёд аз ҷониби Сарвари Давлат дар Ҳисор
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард. Дар оғози сафари кории худ Сарвари давлат мактаби навбунёди №59-и деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Сомонии ноҳияро бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ бахшид. Корҳои сохтмонӣ дар мактаби мазкур аз моҳи марти соли 2011 оғоз гардидаву дар он 150-200 сохтмончии маҳаллӣ фаъолият намудаанд. Мактаби №59 бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он 624 хонанда дар як баст таҳсил хоҳанд кард. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 синфхонаи муҷаххаз бо лавозимоти муосири таълимӣ, маҷлисгохи дорои 202 ҷои нишаст, 2 синфхонаи компютерии дорои 30 адад компютер ва толори варзишист. Дар ин мактаби навбунёд 33 нафар омӯзгор ба муҳассилин таълим медиҳанд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои барои фанҳои физика ва кимиё махсусгардонидашуда доскаҳои электронӣ насб шудаанд. Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ таҷҳизонида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






