Ифтитоҳи «Наҳри Калон» дар Қубодиён

Декабрь 11, 2012 15:43

Душанбе, 11 декабр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Дар ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён идораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон” ифтитоҳ шуд. Дар маросими расмии он Кэтлин Мак Доналдс, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, сафорати ИМА, аҳолии маҳал ва иҷрокунандагони ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, USAID aссотсиатсияи мазкурро дар доираи Барномаи хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ташкил намудааст. Ассотсиатсия барои зиёда аз 25169 нафар сокини ин ноҳия, ки камбуди озуқаворӣ дар он эҳсос мешавад, фаъолият мекунад. Ин ассотстатсия дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон фаъол аст.

Декабрь 11, 2012 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд