Ифтитоҳи отряди сарҳадӣ дар Мастчоҳ
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Отряди сарҳадии Бӯстон дар ноҳияи Мастчоҳ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок карданд. Бояд гуфт, ки ин отряд тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ барои сарҳадчиён аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сатҳу тарҳи замонавӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Он дорои бинои маъмурии ситод, хобгоҳи аскарону афсарон, ошхона, мошинсарой, ҳаммом, ҷои шустушӯй, нуқтаи тиббӣ, анборҳои хӯроку пӯшок, бурҷи дидбонӣ, майдончаи сафороиву варзишӣ ва буғхона мебошад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода ва Саидмӯъмин Ятимов бо шароитҳои мавҷуда ошно шуданд ва ба чанд нафар афсару аскар нишони ҷашнии «15 –солагии сарҳад» ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






