Имзои Ёддошти Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳум ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мушорикат таҳти унвони «Дастгирии коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар муассисаҳо ва ҷамоаҳои осебпазири Тоҷикистон» имзо гардид. Дар ҳошияи лоиҳаи мазкур хонандагони мактабҳо аз рӯи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда барои таъмини амният малакаю донишҳо ба даст меоваранд. Ин лоиҳа дар ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Дар Тоҷикистон хонандагони 10 мактаби ноҳияҳои Рашт, Айнӣ ва Кӯлоб ҳамроҳи муаллимон ва волидайн имконияти ба даст овардани донишҳои зарурӣ ҳангоми машқҳои махсус ва чорабиниҳои дигар бобати коҳиш додани хавфи офатҳои табииро ба даст меоранд.Мақсад аз ин лоиҳа мусоидат ба саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳким бахшидани устуворият ва коҳиш додани осебпазирии кӯдакон ва мактабҳои ноҳияҳоест, ки дучори офатҳои табиӣ гардидаанд.ЮНИСЕФ дар доираи ин мушорикат бо Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамкорӣ дорад.Дар ин бора аз Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






