Иштироки ҷавонон баҳри солимии миллат
Душанбе,4 декабр (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — 7 декабри соли ҷорӣ дар Маркази ҷавонони ш.Душанбе нишасти матбуотӣ роҷеъ ба анҷоми марҳилаи якуми лоиҳаи «Иштироки ҷавонон баҳри солимии миллат» бо иштироки ҷавонон ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар ш.Душанбе баргузор мегардад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, мақсади дарозмуддати лоиҳа- ин мусоидат ба якҷоякунии ҷараёни иштироки ҷавонон дар банақшагирӣ, коркард, рушд, татбиқ, санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳои лоиҳаҳои ҳифзи саломатӣ дар сатҳи миллӣ мебошад. Аз рӯи иттилои манбаъ, мақсади кӯтоҳмуддати лоиҳа аз ташкил ва густариши заминаи иштироки ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳо қарорҳо дар мавриди беҳдошти саломатии худи онҳо, алалхусус масъалаҳои пешгирии истеъмоли нашъа, сирояти ВНМО (ВИЧ), эътирофи ҳуқуқҳои репродуктивӣ ва беҳбуди солимӣ дар рафти татбиқи лоиҳа иборат аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






