Иштироки Э.Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркия

Декабрь 17, 2012 17:41

Душанбе, 17 декабр (АМИТ «Ховар»).- Яке аз чорабиниҳои муҳим дар шаҳри Қунияи Туркия, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар буд.Барои иштирок дар ин анҷуман беш аз 300 нафар соҳибкорону аз 2 кишвар ҷамъ омаданд, ки нишона аз таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар ин сатҳ аст.Зимни суханронии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръату бонизоми ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи беш аз 180 миллион доллар афзуд.Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолияти судманд ба роҳ мондаанд.Ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳмгир мебошанд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкону захираҳои фаровони истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишварро бевосита муаррифӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафари навбатии расмии ӯ ба Туркия ва мулоқоту музокироти сершумор бо роҳбарияти олии кишвар ва дигар сохторҳои он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.Таъкид гардид, ки соҳибкорону тоҷирони ду кишвар метавонанд дар ин раванд саҳми намоёну муассир дошта бошанд, зеро дар Тоҷикистон имрӯз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ муҳайё гардидааст.Дар охири анҷуман 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва тиҷорати Туркия;Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ;Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия доир ба ҳамкорӣ дар сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 17, 2012 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд