Изҳороти ИМА дар бораи вориди Тоҷикистон ба СУС
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). – 10 декабр Ҳукумати ИМА дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар мавриди ворид шудани Тоҷикистон ба СУС изҳороти зерин дод:«Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дархости Тоҷикистонро дар мавриди ворид шудан ба СУС аз оғози супоридани он дар соли 2001, дар гуфтушунидҳои минбаъдаи дуҷонибаю бисёрҷониба перомуни шартҳои воридшавии он ва тавассути расонидани мадади ҳамаҷонибаи техникӣ ба гурӯҳи он дар шаҳри Душанбе дастгирӣ менамуд. Саъю кӯшишҳои Тоҷикистон барои кушодани бозори худ ва татбиқи нуктаҳои СУС тадбирҳои судманде буданд, ки тасмимҳои асосии қаблан гирифташударо дар бораи истифодаи раванди воридшавӣ ба СУС ба ҳайси омили ислоҳоти иқтисодӣ инъикос намуда, ҳамчунин мисоли беҳтарини равобити байни воридшавӣ ба СУС ва ислоҳоти дохилие мебошанд, ки дар Ҳисоботи ҳарсола перомуни воридшавӣ зикр ёфтаанд. Тоҷикистон дар раванди воридшавӣ монеаҳои тиҷоратиро аз байн бурда, беш аз 100 санади меъёрию ҳуқуқиро барои истифодаи мустақими созишномаҳои СУС дар низоми ҳуқуқиаш қабул кард. Ин ислоҳот, аз оғози сабти мустақим ва шаффофияти андозбандӣ то меъёру тарғиботи техникӣ, тадбирҳои гумрукӣ, ҳифзи моликияти интеллектуалӣ ва таҳти литсензия қарор додани воридот, иқтисодиёти Тоҷикистонро дигаргун сохта, таҳкурсии рушду густариши бемайлони иқтисодиро мегузорад. Кори пайгирона ва саъю кӯшишҳои мақсадноки Тоҷикистон барои тезонидани раванди воридшавӣ самараи худро доданд, ва мо аз ҷониби Шӯрои генералӣ тасдиқ гардидани дархост барои узвияти СУС – ро дастгирӣ менамоем». «Эълоноти СУС моил будани Тоҷикистонро барои мусоидат ба рушди савдои ҷаҳонӣ ва ислоҳоти дохилии иқтисодии худ намоиш медиҳад. Ман ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазир Раҳимзода ва ба дастаи ӯ барои кори хастанашаванда ҷиҳати анҷоми ин раванди гуфтушунид изҳори миннатдорӣ мекунам», — гуфт Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт.СУС ягона созмони ҷаҳонии байналмилалиест, ки ба такмили қоидаҳои тиҷорати байникишварҳо машғул мешавад. Асоси СУС – ро созишномаҳое ташкил медиҳанд, ки онҳоро қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон имзо ва парлумонҳои онҳо тасдиқ кардаанд. Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






