Кӯмаки хайрияи «Амонатбонк» ба мактаб- парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар арафаи иди соли нав Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун сарпараст ба мактаб- парваришгоҳи № 1-и ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки хайрия расонид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд, кӯмаки хайрияро, ки аз туҳфаҳову маводи хӯрокӣ ва ҷиҳози лозимӣ барои рузғор иборат аст, ба хотири осудагии табъи ин ниёзмандон ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ ба ин мактаб- парваришгоҳ ҳамчун кӯмаки хайрия расониданд. Дар раванди иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ва дастгирии ин мактаб- парваришгоҳ ба 300 нафар кӯдаки ин даргоҳ туҳфаҳои соли навӣ тақдим гардид. Ин иқдоми «Амонатбонк» саривақтӣ буда, нишони амалишавии супоришҳои Сарвари давлат мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки «Амонатбонк» барои тарбиятгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ ҳамеша дасти ёрӣ дароз намуда, ҳамаи он мушкилоти ин муаасисаи таълимӣ ва муҳассилини ин даргоҳро сари вақт бартараф мекунад. Дар айни ҳол дар ин мактаб- парваришгоҳ 1346 нафар муҳасислин таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин 266 нафарашон бепарастор буда, аз лиҳози либосу хӯрокӣ бонк ононро таъмин менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






