Конфронси миллӣ вобаста ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ
Душанбе, 3 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Натиҷаҳои Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ оид ба рушди устувор (Рио+20) ва нигоҳи миллӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»- таҳти чунин унвон фардо дар Душанбе конфронси миллӣ баргузор мегардад. Ин ҳамоиш бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи Рушди СММ гузаронида шуда, ҳадафаш татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва инчунин баррасии натиҷаҳои Конфросни СММ оид ба рушди устувор (РИО+20) аст. Баҳром Самадов-котиби матбуотии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар конфронси миллӣ роҳбарону намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






