Консепсияи такмили Кодекси гражданӣ
Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти серўзае, ки бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) созмон дода шуд, баррасӣ гардид. Иштирокдорони нишаст, ки аз олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иборат буд, атрофи масъалаҳои марбут ба такмили қисми якуми Кодекси гражданӣ, хусусан муқаррароти умумии кодекс, ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, аҳдҳо, намояндагӣ, аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои ҳуқуқии он, ҳуқуқи моликият, дигар ҳуқуқҳои ашёӣ, уҳдадориҳо ва масоили дигари вобаста ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






