Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии Шаҳринав

Декабрь 6, 2012 15:23

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолони ноҳия ва шахсони масъул вохӯрии кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав доир гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияҳо, ихроҷ,масъалаи миёнаравони қаллобӣ дар бозори меҳнати ФР, муҳлати тамдиди бақайдгирӣ аз 7 рӯз ба 15 рӯз, ичозати кор аз 1 сол то ба 3 сол, назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбутанд, аз сӯи кормандони ХМ дар ноҳияи Шаҳринав мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор гирифтанд. «Мақсад аз ташкил ва дидору мулоқоти кормандони Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия- танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад», гуфт манбаъ.

Декабрь 6, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд