Либос бояд шинаму зебо бошад

Декабрь 19, 2012 14:49

Хоруғ, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ маҳфили маърифатӣ таҳти унвони «Адаб ороиши атфол бошад» бо иштироки занони барӯманди шаҳри Хоруғ, кормандони Кумитаи занони вилоят ва донишҷӯёни литсеи тиббии шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар маҳфил зикр шуд, ки одобу ахлоқ фазилатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб мераванд ва риояи онҳо барои насли имрӯза ва бахусус, ҷавонон зарур аст.Либоси замонавиро пӯшидан лозим аст, аммо на он тавре, ки тақлиди беҳаёона ба либоспӯшии хориҷиён бошад. Иштирокдорони маҳфил изҳор намуданд, ки насли имрӯза бояд ба тарзи либоспӯшӣ аҳамияти бештар диҳад ва либосеро ба бар намояд. ки зебандаю миллӣ бошад.

Декабрь 19, 2012 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш