М. Чориева варзишгари беҳтарини сол
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Анҷумани журналистони бахши варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2012-ро номбар кард.Тавре, ки раиси анҷумани мазкур Нарзулло Латифов хабар дод, аз рӯи натиҷаи пурсиши журналистони бахши варзиши Тоҷикистон Мавзуна Чориева унвони варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2012-ро ба даст овард. Қобили зикр, аст ки Мавзуна Чориеваи 19 сола дорандаи медали биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон мебошад. М. Чориева ҳамчунин дар мусобиқоти ҷаҳон оид ба бокс медали биринҷӣ ва дар мусобиқоти Осиё аз рӯи ин намуди варзиш медали нуқра ба даст овардааст. Дар пурсиш беш аз 70 нафар журналистони инъикосдиҳандаи рӯйдодҳои варзиш иштирок доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






