М. Неъматов: таълиму тарбияи ҷавонон дар мадди аввал аст
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов бо ҷавонон мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои Кумитаи ҷавонон ва Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ иштирок намуданд. М. Неъматов ба ҷавонон дар бораи Қонунҳои «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» ва инчунин оид ба Қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ» суҳбат намуд. Ӯ ҳамчунин аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона изҳори нигаронӣ кард ва онро натиҷаи бемасъулиятии падару модарон номид.Инчунин корманди дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидов дар бораи муносибати дин ва давлатдорӣ дар кишвар бо назардошти фарҳангу маданияти миллат ва тарбияи дурусти ҷавонон ибрози ақида намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






