Маҳсулоти армуғони беҳтарини миллӣ дар соли 2012

Декабрь 21, 2012 17:45

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова),-Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эълон намудани маҳсулоти армуғони беҳтарини миллӣ барои туристон дар соли 2012 баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи мазкур Маликшо Неъматов иштирок намуда, қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявӣ байни ҳунармандон ва косибони кишвар дар байни иштироккунандагони ярмаркаи зимистонаи ҳунарҳои мардумӣ, ки 8-9 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, барпо гардид. Аз миёни зиёда аз 1000 маҳсулоте, ки 75 ширкаткунандаи ярмарка пешниҳод кардааст, аз ҷониби Комиссияи байнисоҳавӣ 9 маҳсулоти савғотии беҳтарини миллӣ барои туристон интихоб карда шуд. Бо қарори Комиссия бо назардошти сатҳу сифати маҳсулоти интихобшуда ҳар яки онҳо ба ҷойҳои муносиб дар озмун сазовор гардид. Яъне, се маҳсулот соҳиби ҷойи 1-ум, се маҳсулот сазовори ҷойи 2-юм шуда ва се маҳсулоти дигар ҷойи 3-юмро ишғол намуданд. Кумита ба ғолибони озмун мукофоти пулию дипломҳо тақдим намуд.

Декабрь 21, 2012 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд