Маърифати омўзгор байналмилалӣ шуд
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- «Маърифати омўзгор» – маҷаллаи таълимӣ, методӣ, илмӣ ва оммавии Вазорати маорифи Тоҷикистон соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ– ISSN гардид. Ирина Стрелникова-Наулин–масъули бахши китобдории Маркази байналмилалии ISSN аз Фаронса дар ҷавоб ба муроҷиати электронии роҳбарияти маҷаллаи «Маърифати омўзгор» гуфтааст, аз 14 декабри соли 2012 ба маҷаллаи «Маърифати омўзгор» рақами ISSN 2306-4293 дода шуд ва акнун ин нашрия бо калидвожаи «Ma’rifati omuzgor» дар тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон қобили дарёфт аст. Гуфта шуд ISSN (рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ) аз ҳашт рақам иборат буда, имкон медиҳад, ки ҳама гуна интишороти силсилавӣ, новобаста аз макону забони нашр, дар системаи китобдории байналмилалӣ ба қайд гирифта шаванд. Ҳоло теъдоди рақамҳои ISSN дар дунё беш аз миллион ададро ташкил медиҳад, ки ҳар яке хоси нашрияи алоҳидае аз 239 кишвари ҷаҳон аст. Ҷараёни ихтисос додани ISSN аз тарафи 75 маркази миллӣ идора гардида, фаъолияти онҳо аз ҷониби Маркази байналмилалии ISSN дар шаҳри Париж зери сарпарастии ЮНЕСКО ва ҳукумати Фаронса танзим мешавад. ISSN ба ноширон, китобдорону кормандони соҳаи илм ва хонандагон имкон медиҳад, ки нашрияҳоро бе ягон мамониат дар тамоми марказҳои илмии ҷаҳон ҷойгир созанд ва ҳангоми зарурат ба осонӣ дарёфт намоянд. Акнун омўзгорону аспирантон ва унвонҷўён метавонанд бо нашри маводи худ дар маҷаллаи «Маърифати омўзгор» на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ пажуҳишҳои илмии худро ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ созанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






