Машварати гурӯҳи корӣ дар ҳузури О. Оқилов
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов машварати гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, лоиҳаи созишномаи мазкур бо назардошти таклифу пешниҳодоти дуҷониба таҳия гардида, дар марҳилаи охири тавофуқ қарор дорад. Лоиҳаи созишнома ҳам аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Федератсияи Русия барои хулосабарории ниҳоӣ пешниҳод шудааст ва рӯзҳои наздик масъалаи имзои он ҳалли хешро пайдо хоҳад кард. Оқил Оқилов гуруҳи корӣ ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки дар асоси пешниҳодҳои дуҷониба барои ҳарчи зудтар таҳия ва барои имзо пешниҳод кардани лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои заруриро амалӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






