Маводи синтетикиро ҳар кас наметавонад бишносад
Душанбе,17 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода)-Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва оқибатҳои он» дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ 15 декабр гузаронида шуд.Тавре ки сомонаи расмии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар вохӯрӣ кормандони Агентӣ дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли онҳо, хусусан навъи синтетикии «Амфтамин», «Экстази» ва «Марка» маълумот доданд. Маводи нашъаовар будани моддаҳои номбурдаро бе доштани маълумоти иловагӣ муайян намудан ғайриимкон аст. Бинобар ин, кормандони Агентӣ тасвирҳои махсусро бо расмҳо, нишона ва хатари истеъмоли ин мавод таҳия намуда, ба иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






