Медали тилло- туҳфа дар арафаи Соли нав

Декабрь 28, 2012 17:44

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 27-уми декабри соли 2012 паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, дар мусобиқаи ХХХII-юми умумирусиягии дзюдо дар вазни то 100 кг барандаи медали тилло гардид. Мусобиқаи мазкур дар Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд. Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи хеш тавонист бо усули маъруфи иппон ҳарифонро шикаст диҳад. Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён 19 сол дошта, соли 2012 ду маротиба барандаи Ҷоми Аврупо (ҳам миёни ҷавонон ва ҳам бузургсолон), ду маротиба барандаи медали тиллои мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё (Тайван, моҳи октябр) дар риштаи дзюдо гардидааст. Инчунин дар намуди самбо се маротиба унвони қаҳрамони ҷаҳонро миёни ҷавонон соҳиб гардидааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.

Декабрь 28, 2012 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд