Медали ЮНЕСКО барои «Хазинаи тиллоии тоҷикон»
Душанбе, 25 декабр. — Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ китоберо бо номи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” нашр кард, ки тасвирҳои нодиреро аз ҳунари меъмориву наққошӣ ва саноати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз ба намоиш мегузорад. Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шудааст. Зиёда аз 500 нигораи нодир, ки дар ин китоб ба хонанда пешниҳод мешавад, бахше дар осорхонаҳои бостоншиносии Тоҷикистон, бахши дигар дар осорхонаҳои хориҷӣ ва кисме ҳам дар ихтиёри коллектсионерҳои хусусӣ қарор доранд. 16 намунаи бостонӣ аз коллексияи худи вазир аст, ки асосан мероси хонаводагӣ буда, баъдан худи вазир низ ба ин маҷмуъа нигораҳоеро ворид кардааст. Ҳарчанд “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба забони тоҷикӣ низ нашр шудааст, аммо мухотаби аслии он ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ҳамрохон Зарифӣ, муаллифи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” дар пешсухани китоби худ гуфтааст, ин асар нигоҳи амиқтар ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва нақши тоҷикон дар фарҳангӣ ҷаҳонӣ аст. “Ман сайъ кардам мардуми ҷаҳон аз Тоҷикони бостонӣ ва тоҷикони имрӯзӣ шинохти бештар дошта бошанд ва пайвандҳои тамаддуни ҷаҳониро дар фарҳанги тоҷикон дарёфт кунанд”. Бахшҳое аз китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба “Хазинаи Ому”, “Роҳи бузурги абрешим”, наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии халқи тоҷик бахшида шудааст. “Хазинаи Ому” маҷмӯъи иборат аз 177 маводи тиллоию нуқрагии марбут ба ориёиҳо аст, ки ба давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён (солҳои 550-200-и пеш аз милод) рост меояд. Ин хазина соли 1877 дар харобаҳои шаҳри бостоние дар канори рӯдхонаи Ому (Окс), қаламрави Тоҷикистон, Бохтари бостонӣ дарёфт шудааст. Пораҳои ин бозёфти муҳими фарҳангӣ дар Осорхонаи Британия маҳфузанд. Чанд соли пеш Британия нусхаи ин бозёфти беназирро ба Тоҷикистон тақдим кард. Муаллиф ҳамчунин ба нақши раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёву рушди санъати миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин истифодаи амалии онҳо дар тарбияи мутахассисони соҳа таъкид кардааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, ки дар тули солҳои ахир дар Тоҷикистон чандин коллеҷ ва марказҳои таълимӣ таъсис ёфт, ки дар ҳифзи мероси пурарзиши ниёгон ва кашфи шеваҳои нави санъати дастӣ нақши муҳим доштаанд. Китоби Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳаҷми зиёда аз 400 саҳифа бо тиражи 21 ҳазор нусха дар нашриётҳои маъруфи дунё – The Ethnic Publishing House-и Хитой, Wostok Verlag-и Олмон, Big Media Group-и Белгия ва IMAK-и Туркия нашр шудааст. Моҳи гузашта Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова қарор қабул карда, ки муаллифи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” бо медали тиллоии ЮНЕСКО барои муаррифии фарҳангии қадимаи халқи тоҷик сарфароз гардонад.Манбаъ: www.ozodi.org








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






