Меъёри ғизои хона-интернатҳо зиёд гардид
Душанбе,11ноябр.(АМИТ “Ховар” Заррина Саидова). — Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ғизои бошандагони муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо бо дархости Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират меъёри хўроки бошандагон аз тарафи Пажўҳишгоҳи «Ғизо» аз нав арзёбӣ гардид. Мувофиқи он меъёри нон 0,50 кг, қанд 0,15 кг, маҳсулоти макаронӣ 0,30 кг, равған 0,10 кг ва сабзавот 0,50 кг зиёд карда шуд. Дар ин асос фармоиши Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2012, дар бораи тасдиқи хароҷоти меъёрҳои маводи ғизоии якрўзаи бошандагон дар муассисаҳои иҷтимоӣ тасдиқ гардид. Тибқи фармоиши мазкур меъёри ғизо барои муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон 10,37 сомонӣ, беморони касалиҳои рўҳӣ 10,48 сомонӣ ва барои кўдакони маъюб 10,11 сомонӣ, Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон 12,23 сомонӣ, барои истироҳатгоҳҳо 12,30 сомонӣ ва барои осоишгоҳи Харангон 13,19 сомонӣ ба як нафар дар як шабонарўзро дар бар гирифт, ки нисбат ба соли 2011 барои хона-интернатҳо 1,0 сомонӣ, барои хонандагони литсей-интернат 1,5 сомонӣ ва барои осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо 2,0 сомонӣ зиёд мебошад. Дар зарфи нўҳ моҳи соли равон ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо аз ҳисоби ташкилоту идораҳои давлатию ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида ба маблағи 693530 сомонӣ кўмакҳои хайрия ворид гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






