Минбаъд хушунати хонаводагӣ ҷилавгирӣ мешавад

Декабрь 19, 2012 16:03

Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ақди никоҳи 4 ҳазору 989 оила бекор шуда, шумораи оилаҳои дар соли 2012 аз ҳам ҷудошуда ба 5 ҳазору 756 адад расидааст. Ин матлабро Насрулло Маҳмудов –вакили Маҷлиси намояндагон 19 декабр зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат иброз дошт. Насрулло Маҳмудов афзуд, ки бо мақсади таҳияи мукаммали лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» аз соли 2010 инҷониб гуруҳи корӣ созмон ёфт. Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, хусусан кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, назири Индонезия, Малайзия, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Ўзбекистон мавриди омўзиш қарор дода шуд.  Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо муайян менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷомеа аст. Дар лоиҳаи ин қонун маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ , иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилие, ки аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила амалӣ мешаванд ва ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, пешгирии зўроварӣ дар оила, муайян ва бартараф сохтани сабаб ва хулосаи ба он мусоидаткунанда равона шудаанд, ифода ёфтааст. Субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила ниҳодҳои марбутаи кишвар маҳсуб меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки хушунати хонаводагӣ зуҳуроти нангин ва номатлуб буда, он ҳуқуқи инсонро поймол менамояд ва ба саломатии ҷисмонию равонӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва инкишофи маънавии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои устувории оилаҳо, тақвияти оиладорӣ ва рушди минбаъдаи насли наврас мусоидат менамояд. Муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» вакилони палати поёнии парлумони мамлакат Хайринисо Юсуфӣ, Насрулло Маҳмудов, Сабоҳат Муқимова ва шодравон Хадича Ҳакимова буда, он бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, ки дар моддаҳои 15 ва 17-и қонун ифода шудааст, таҳия гардидааст.

Декабрь 19, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад