Муҳокимаи барномаи муштарак
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Чанде пеш вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю масоили танзими фаъолияти муштарак дар ҳошияи татбиқи барномаҳои дастгирии буҷаро мавриди муҳокима қарор доданд. Барномаҳои зикршударо Бонки рушди Осиё дар бахшҳои истифодаи маблағҳои давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сармоягузорӣ мекунад.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни суханрониаш муносибатҳои судманди Бонки рушди Осиё бо Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи муваффақонаи ду барномаи бахши гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳамчунин бунёди роҳҳои мошингардро қайд намуд.Ҷонибҳо ба барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва танзими муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои дигари молиявию бонкии байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






