Муҳокимаи дурнамои ҳамкорӣ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳошияи татбиқи барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои соли 2013 дар шаҳри Ашқобод машварати байни ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар сурат гирифт.Дар машварат роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Туркманистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Вафо Ҳоҷиев ба ӯҳда доштанд.Тарафайн вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни масоили мубрами сиёсати ҷаҳонии минтақавӣ, ки диққати ҳар ду кишварро ба худ ҷалб менамоянд, табодули афкор намуда, омодагии худро ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон иброз доштанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






