Муҳокимаи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Украина
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дирӯз дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ва раиси Радаи Олии Украина Владимир Рибак баргузор гардид.Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди минбаъдаи равобити парлумонии байни Украина ва Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Шӯҳрат Султонов Владимир Рибакро ба муносибати ба мансаби баланди давлатӣ интихоб шуданаш муборакбод кард.Тавре маълум аст, Владимир Рибак 13 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳайати нави Радаи Олии Украина раиси парлумони ин кишвар интихоб гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






