Муҳокимаи сафари ноболиғон ба хориҷи кишвар

Декабрь 13, 2012 14:38

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактабҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолон ва шахсони масъули ноҳияи Турсунзода вохӯрии гуруҳи кории кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии ҶТ дар хориҷи кишвар, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо (диаспораҳо) ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияҳо, ихроҷи муҳоҷирон, миёнаравони қаллобӣ дар бозори меҳнати ФР, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатиро муҳокима карданд. Инчунин оид ба касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарзи гирифтани патент, сафари ноболиғон ба хориҷи кишвар, кӯмак ва мусоидат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убуру мурури сарҳадоти кишварҳои ИДМ бо қатораҳо, ташхиси тиббии муҳоҷирон пеш аз сафар ва баъд аз он ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ иртибот доранд, сухан рафт.Бояд зикр намуд, ки мақсад аз мулоқоти кормандони Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия-танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Декабрь 13, 2012 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд