Мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ дар мавзӯи «Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ коршиноси қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Шанти Мендис Тоҷикистонро даъват намуд, ки барои ҷилавгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва коҳиш додани таъсири баъди онҳо чораҳои зарурӣ бинад. Шанти Мендис ҳамчунин ҷиҳатҳои мусбати низоми тандурустии Тоҷикистон, аз қабили татбиқи барномаҳои миллии оид ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро ба таври махсус қайд намуд. Муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов зикр намуд, ки мутаассифона таъсири баъди бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои қалб ва диабет сол аз сол афзуда, боиси корношоямии беморон мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






