Мулоқот бо хидматчиёни ҳарбӣ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ якҷоя бо хидматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ масоили нашъамандӣ ва оқибатҳои онро мавриди муҳокима қарор доданд.Мулоқот асосан ба масоили мубрами истеъмоли маводи нашъаовар дар байни ҷавонон бахшида шуда буд. Мувофиқи хабари Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, кормандони он ба хизматчиёни ҳарбӣ аз зарари маводи нашъаовар ва зарурати пеш гирифтани тарзи солими зиндагӣ нақл карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






