Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Ҷопон
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаширо ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо вазъу дурнамои рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар, роҳандозии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои иқтисодиёт, савдо, фароҳам овардани шароити мусоиди ҷалби сармояҳо, рушди инфрасохтори нақлиёт, масоили ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва масоили дигари ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






