Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ дар Ашқобод
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 4 декабр дар шаҳри Ашқобод мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Украина Константин Гришенко баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот баробари масоили ҳамкории Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, маориф ва фарҳанг, ҷиҳатҳои рушди равобити бисёрҷониба низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҷонибҳо аз вазъи ҳозираи ҳамкории ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.Ҳамчунин дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макеев баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба татбиқи аҳду паймони давлатҳо ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.Вазирони корҳои хориҷӣ масоили марбут ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва энергетикиро муфассал баррасӣ намуданд.Мусоҳибон аз вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар марҳалаи ҳозира изҳори қаноатмандӣ намуда, суръати рушди ин муносибатҳоро ба таври мусбат арзёбӣ карданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






