Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо Сафири Финляндия
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Финляндия дар Тоҷикистон Туула Юрёла баргузор гардид. Ҳамрохон Зарифӣ зимни мулоқот ба ҷониби Финляндия барои ташкилу роҳандозии муваффақонаи сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хелсинки моҳи октябри соли равон изҳори миннатдорӣ кард. Ҷонибҳо аз вусъати ҳамкории тарафайн дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои геология ва таҳкими сарҳадот изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишварро ба таври махсус зикр намуд. Пешниҳод шуд, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои ҳар ду давлат, хусусан созишномаҳое, ки равобити тиҷоратиро танзим менамоянд, мустаҳкам карда шавад. Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвар ба ҷониби Финляндия барои дастгирии воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳори миннатдорӣ кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






