Мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи намоишгоҳи ширкатҳои Эрон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев ҳозиронро бо фаъолияти палата ва вазъи сармоягузории Тоҷикистон шинос кард. Меҳмонон дар навбати худ аз фаъолияти созмонҳояшон ва тавлиди маҳсулот хабар дода, зикр намуданд, ки ҷонибдори ҳамкорӣ бо аҳли тиҷорати Тоҷикистон мебошанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






