Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди СММ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҷаҳан Султаноглуро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз ҳама бо Барномаи рушди он, баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқдоми ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» зоҳир гардид.Бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ доир ба об, ки таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин чорабинии муҳим ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






