Мулоқоти Э.Раҳмон бо Раиси Парлумони Туркия
Душанбе, 18 декабр (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.Ба нақши Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркия, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ фаъолият дорад, баҳои баланд дода шуд.Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






