Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.Аз пайвастагии вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои роҳбарияти ду кишвар ва ҳам аз густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва оид ба рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






