Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Киёши Кодера

Декабрь 11, 2012 15:16

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Ноиби президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки тайи солҳои шарикии дуҷониба аз ҷониби Япония барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон дар ҳаҷми 295 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст.Ҳоло бо дастгирии молиявию техникии Япония лоиҳаҳои зиёд дар бахшҳои энергетика , нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва обтаъминкунии Тоҷикистон босамар татбиқ мегардад.Киёши Кодера изҳор дошт, ки Япония минбаъд низ дастгирии васеи худро аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва иқдомоти дигари худ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон идома хоҳад дод.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 11, 2012 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд