Мулоқоти кормандони ХМ бо фаъолони ноҳияи Ашту Спитамен
Дущанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолони ноҳия ва шахсони масъул вохӯрии кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияҳо, депортатсия( ихроҷ), масъалаи миёнаравони қаллобӣ дар бозори меҳнати ФР, муҳлати тамдиди бақайдгирӣ аз 7 рӯз ба 15 рӯз, ичозати кор аз 1 сол то ба 3 сол, назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбут буданд, аз сӯи кормандони раёсати ХМ дар вилояти Суғд мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор гирифтанд.Дар фарҷоми мулоқот саволу ҷавоб дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ичозати кор, тарзи гирифтани патент, депортатсия (ихроҷ),тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва дигар масоили соҳа бо кормандони Хадамоти муҳоҷират анҷом пазируфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






