Мулоқоти Сарвари давлат бо донишҷӯёни тоҷик дар Туркия
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар Донишгоҳи Мавлоно Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ва дигар мактабҳои олии Туркия таҳсили илму дониш мекунанд, сӯҳбати самимӣ анҷом дод.Тавре зикр гардид, дар мактабҳои олии Туркия наздики 350 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсили илм мекунанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва истифодаи босамари имконоти фарохи муҳайёгардида ҳидоят намуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки шумо намояндагони миллати тоҷик, ворисони Мавлонои бузург мебошед, ки рӯҳи покаш дар хоки ин сарзамин нуҳуфтааст. Ин воқеият агар, аз як тараф, боиси сарфарозии шумо бошад, аз тарафи дигар, ба дӯшатон масъулияти азими пайвандгари анъанаҳои чандинасраи дӯстиву рафоқати халқҳои моро вогузор менамояд. Аз имкониятҳое, ки барои таҳсилу касбомӯзии шумо дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, ба пуррагӣ истифода намоед, забон омӯзед ва дар ин замина ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед”.Донишҷӯён низ дар навбати худ қавл доданд, ки хуб таҳсили илм карда, нақши пайвандгарии фарҳангу тамаддуни ду миллатро ба таври шоиста иҷро мекунанд ва ҳам мутаххасисони баландпоя шуда, оянда ба Тоҷикистони азиз содиқона хизмат менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






