Мулоқоти В.Янукович бо роҳбарони корпуси дипломатӣ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Киев мулоқоти Президенти Украина Виктор Янукович бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Киев баргузор гардид. Назар ба хабари дафтари матбуоти Президенти Украина, Виктор Янукович зимни суханрониаш ба натиҷаҳои асосии фаъолият дар бахшҳои мухталиф, вазъи сиёсати хориҷӣ ва вазифаҳо дар соли 2013 дахл кард.Мувофиқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Киев, Виктор Янукович бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов сӯҳбат намуд. Зимни сӯҳбат масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва омодагӣ ба сафари расмии Президенти Украина ба Тоҷикистон, ки бояд дар нимаи аввали соли 2013 сурат гирад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






