Мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи самбо
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби гӯштини тарзи самбо, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарони ҷавон ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин 22-23 декабри соли равон дар Маҷмааи варзишии (Хадамоти алоқа)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи самборо барои дарёфти Ҷоизаи С.Раҳимов доир менамояд. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои шаҳри Душанбе (ду даста), вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд(ду даста), Бадахшон(ду даста), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ду даста) аз рӯи вазнҳои 52 кг., 57 кг., 62 кг., 68 кг., 74 кг., 82 кг. 90 кг., 100 кг. ва аз 100 кг боло дар назар аст. Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойҳои аввал, дуюму сеюмро соҳиб мегарданд, бо медалу дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои Кумита қадрдонӣ мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






