Мусобиқаи мубоҳисавӣ дар Суғд
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» Саидэҳсони Солеҳ),- 9 декабр Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» ва Фонди Фридрих Науманн бори аввал сабқати мубоҳисавии иқтисодии минтақавии «Ҷоизаи бозори озод — Суғд 2012»-ро баргузор мекунад. Он ба мавзуъҳои иқтисодию масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шуда ва барои ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ мешавад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзуъҳои алоҳида мебошад. Сабқат аз рӯйи формати парламентии амрикоӣ сурат мегирад. Мубоҳисаҳои ҷавонон яке аз усулҳои самараноки омӯзиши ғайрирасмӣ буда, барои гирифтани донишу малакае, ки дар ҷомеаи демократӣ заруранд, равона шудаанд. Дар ин бора Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






