Мусодираи беш аз 420 кило маводи мухаддир
Душанбе,7 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода.)-Амалиёти муштараки хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар қаламрави марзии ду кишвар доир гардид, боиси аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудани бештар аз 420 кило маводи мухаддир шуд. Дар ин бора рӯзи гузашта генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул иттилоъ дод, “Мо амалиётро ҳамзамон дар қаламрави ду кишвар бо ҳамоҳангӣ бо якдигар тибқи он созише оғоз кардем, ки бо хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон имзо карда будем”. Ин амалиёти бузургмиқёс ва пурсамаре мебошад, ки дар зарфи чанд соли охир дар минтақаи марзӣ анҷом шудааст. Дар ҷараёни амалиёт 13 қочоқчии маводи мухаддир боздошт шуд. Ҳатто иддае аз афроди дастгиршуда ба содир намудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла одамрабоӣ ва тиҷорати инсон низ муттаҳам дониста мешаванд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон ду зан аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке 25 ва дуюмӣ 22-сола буданд, ошкор гардиданд, ки бо худ ҳеҷ асноди мушаххаскунандаи шахсият надоштанд ва дида мешуд, ки эҳтимолан рабуда шуда буданд. Ин ду тан баъди мушаххас кардани ҳуввият ва ҳолатҳои убурашон аз марзи давлатии ду кишвар ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод супурда шуданд, ки дар наздиктарин фурсат истирдод мешаванд. Аз мухаддироти мусодирашуда 4 кило героин, 40 кило афюн ва боқӣ 376 кило ҳашиш буд. Ҳамчунин дар доираи ин амалиёт 24 адад автомат ва як пулемёти Калашников, 2 туфангчаи Макаров ва ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






