Мусодираи миқдори бузурги маводи мухаддир
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва марзбонон танҳо дар давоми чор рўзи моҳи декабри соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷу Қумсангири вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе силсилаи амалиёти фаврию ҷустуҷўйиро анҷом дода, дар натиҷа қариб 226 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рўзи 10-уми декабри соли ҷорӣ бо мақсади барбод додани кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида шуд. Қочоқбарони афғон ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд қочоқчӣ захмдор гардида, ноилоҷ ба самти Афғонистон фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори махсусан калон — 176 килограмм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин 1 адад милтиқи шикории истеҳсоли хориҷии қутраш 12 милиметра, ки ба қочоқчиёни захмбардошта тааллуқ дошт, дарёфт шуд. Тавассути роҳу воситаҳои фаврӣ соҳиби аслии бори мусодирашуда — шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муайян гардид. Бо мақсади халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз баёни ному насабаш худдорӣ мешавад. Худи ҳамон рўз боз як амалиёти фаврию ҷустуҷўйӣ дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа узви гуруҳи муташаккили ҷинояткор Шамсиддин валади Холмурод, 21-сола, зода ва истиқоматкунанди деҳаи Арқакул, улусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт гардид. Аз номбурда ба миқдори 9 килограмму 588 грамм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд. 7 декабри соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди кўчаи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Душанбе чорабинии дигари фаврию ҷустуҷўйӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз бордони мошини сабукрави тамғаи «Опел» миқдори махсусан калони маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Санҷиши минбаъда нишон дод, ки дар халтаҳо 88 адад бастаи чоркунҷашакли навъи ҳашиш, ҳар кадомашон бо вазни аз 412 грамм то 530 грамм, ҷойгир карда шудаанд. Ҳаҷми умумии бори мусодирашуда 39 килограмму 600 граммро ташкил дод.Бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон- Икромиддин Худойназаров, соли таваллудаш 1985, Карим Каримов, соли таваллудаш 1962 ва Хуршед Расулов, соли таваллудаш 1984 боздошт шуданд.Ба харидуфурӯши маводи марговари мухаддир даст задани нафаронеро, ки соҳиби номҳои «эшон»-у «ҳоҷӣ» гардидаанд, чӣ тавр метавон шарҳ дод? Оё аъмоли ин гуна ашхос ба қонунҳои дунявӣ, ба муқаррароти шаръӣ ва ё динӣ рост меоянд?Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом доранд.Ҳамин тавр, хизматчиёни ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар давоми 4 рўз аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 226 килограмм, дар маҷмуъ аз аввали соли 2012 зиёда аз 3 тоннаю 180 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.








Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид






