Мутахассисони фурудгоҳ омода мешаванд
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавиро комилан нав карда, ихтисоси кормандони фурудгоҳ такмил дода ва ҳамкориҳои бевосита бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ вусъат дода шаванд. Дар ин робита «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар толорҳои хизматрасонии худ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTE ULTRA DCS)–ро насб кард. Платформаи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе хамкорӣ доранд, имконият медихад, ки мусофирони худро аз тариқи низоми автоматии хеш ба қайд гиранд.Барои идораи системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамоми дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд. Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати «Рапискан» муҳандиси коршинос Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омўзиш шурўъ гардидааст. Алъон панҷ нафар кормандони Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






