Нахустин корхонаи истеҳсоли сўзандоруҳо
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Душанбе нахустин корхонаи истеҳсоли сўзандоруҳои як карат истифодашаванда ба кор шурўъ кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин корхона дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди истифода қарор гирифта, барои фароҳам овардани беш аз 80 ҷои нави корӣ мусоидат намуд, ки аксарияташонро занону духтарон ташкил хоҳанд дод. Корхонаи муштараки «Ориё- суранҷ медикал ЛТД» ба маблағи тақрибан 5 млн. сомонӣ таҷҳизоти барои истеҳсоли сўзандору, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ворид намуда, ба маблағи 3 млн. сомонӣ сохтмон ва таъмири биноро барои истеҳсолот ба анҷом расонидааст. Корхонаи мазкур аз 5 сехи истеҳсолӣ, 1 сехи безараркунонӣ, 1 озмоишгоҳ, 2 анбори нигоҳдорӣ иборат мебошад. Бояд гуфт, ки иқтидори истеҳсолии корхона 120 млн. дона сўзандору дар як сол мебошад, ки талаботи кишварро таъмин менамояд. Имрӯз дар мамлакат 15 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 80 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд. Танҳо дар ду-се соли охир аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ ба маблағи тахминан 50 миллион сомонӣ барои сохтмон ва таҷҳизонидани корхонаҳои истеҳсолӣ равона карда шудааст, ки зиёда аз 400 мутахассисон ва коргаронро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






