Намоишгоҳи амволи содиротии ММСУ дар Душанбе
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – 25 декабр раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сардори раёсати бахши тиҷорати ҳукумати Минтақаи Мухтори Синҷону Уйғур (ММСУ) – и ҶМЧ Ҳэ Имин масоили соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи амволи содиротии ММСУ – ро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид зикр намуд, ки роҳандозии намоишгоҳҳо ба рушди ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард. Ҳэ Имин дар навбати худ зикр намуд, ки ҳукумати Минтақаи Мухтори Синҷону Уйғур ҷонибдори таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар аст. Мавсуф роҳандозии аҳамияти амалии намошгоҳҳоро барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус қайд намуд. Аз рӯи натиҷаи мулоқот Созишномаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Раёсати тиҷоратии ҳукумати Минтақаи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ дар бораи соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи амволи содиротии минтақаи мазкури ҶМЧ ва минтақаҳои дигари Чин имзо гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






