Намоишгоҳи суратҳо дар КМТ

Декабрь 21, 2012 12:24

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 20 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи суратҳо бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» баргузор гардид. Ин чорабиниро Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд.Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев зимни суханрониаш зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили инфрасохтори зарурии рушди варзиши оммавӣ ва тарбияи варзишгарони баландихтисосро мақсади худ қарор додааст. Ҳоло дар бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёду таҷдиди иншоотҳои варзишӣ идома дорад.

Декабрь 21, 2012 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш