Намоишгоҳи зимистонаи косибон дар Душанбе
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 8-9-уми декабри соли ҷорӣ намоишгоҳи зимистонаи косибон баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ибтикор ва дастгирии Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Иттифоқи косибони Тоҷикистон, ташкилоти итолиёвии CESVI, Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурд ва миёнаи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази рушди туризм гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи мазкур як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла намоишномаи «Ҳаёти косиб», муаррифии филми «Санъат ва косибӣ дар Боми ҷаҳон» ва филми муаллифии «Шарқ нозук аст» («Восток — дело тонкое») ба намоиш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






